"НАВЗОДОНИ ТИЛЛОӢ" ДАР СУҒД (Чандрасонаӣ)

Таваллуди кўдак дар шимоли кишвар майлони камшавӣ дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар вилоят мушкилоти таваллуди кўдак зиёд аст...

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол то сол аз ҳисоби буҷаи давлат тамоюли зиёдшавӣ дорад ва дар ин самт таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар бо мақсади боз ҳам беҳтар гаштани сифати хизматрасониҳо дар таваллудхонаҳо бештар шудааст. Аммо ҳанўз ҳам дар ин соҳа мушкилиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла фавти модару кўдак, норасоии нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ, ришваситонӣ ва монанди ин ба назар мерасанд.

Таваллуди ками кўдак дар Суғд
Бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Салом Ваҳҳобов, дар 6 моҳи соли 2016 аз ҳисоби буҷаи вилоят барои соҳаи тандурустӣ 135,3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли 2015 (131,9 млн. сомонӣ) ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад:
- Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи раиси вилоят барои 7 муассисаи тандурустии маркази вилоят ба маблағи 4,5 млн. сомонӣ барои таъмир, 1 млн. сомонӣ барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва 100 ҳазор сомонӣ барои бозомўзии мутахассисон ҷудо гардид.
Салом Ваҳҳобов мегўяд, имрўз дар миқёси вилоят 3 таваллудхонаи калон – таваллудхонаи вилоятии Суғд (воқеъ дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд), таваллудхонаи шаҳрии Хуҷанд ва таваллудхонаи шаҳрии Панҷакент, фаъолият мебарад. «Ғайр аз ин, дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд таваллудхонаҳои минтақавӣ низ амал мекунанд»,- афзуд ў.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар соли 2016 аз ҳисоби буҷаи вилоят барои таваллудхонаи вилоятӣ 3 миллиону 525 ҳазору 108 сомонӣ, барои таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд 2 миллиону 608 ҳазору 840 сомонӣ ва барои таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Панҷакент 1 миллиону 940 ҳазору 628 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Бино ба маълумоти ин ниҳод, дар 6 моҳи соли 2016 дар муассисаҳои тиббии вилоят 29 ҳазору 860 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 551 нафар камтар мебошад.

Фавти беш аз 550 навзод дар «Соли фарди солим»
Маблағгузории ин соҳа аз ҷониби буҷаи давлатӣ дар ҳолест, ки аз 23-уми декабри соли 2015, қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи Барномаи вилоятии «Соли 2016 – Соли фарди солим» ба тасвиб расид. Дар робита ба ин барнома, дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 2 миллиону 879 ҳазор сомонӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ – 16 миллиону 463 ҳазор сомонӣ, маъмурияти вилоят – 23 миллиону 292 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 4 миллиону 855 ҳазор сомонӣ ва ба монанди инҳо, ҷамъ 182 миллиону 74 ҳазор сомонӣ ба ин соҳа маблағгузорӣ кардаанд.


Вале бо вуҷуди ин қадар маблағгузорӣ, ҳанўз ҳам дар муассисаҳои тиббии вилояти Суғд фавти модару кўдак ба назар мерасад.
Ба гуфтаи Салом Ваҳҳобов, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд, дар муассисаҳои тиббии шимоли кишвар тайи моҳҳои январ-июни соли равон 554 ҳолати фавти навзодон ба қайд расидааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 4 адад бештар будааст. Ҷаноби Ваҳҳобов гуфт, аз ҳама бештар ҳодисаҳои фавти кўдакон дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Айнӣ ва Ашт ба қайд гирифта шудааст: «Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои аслии фавти кўдакон зиёд шудани бемориҳои давраи перинаталӣ, нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои шадиди роҳи нафас дар фасли зимистон мебошад».


Бо ин вуҷуд, дар вилоят ҳолатҳои фавти модару кўдак ҳамоно як масъалаи доғ боқӣ мондааст. Ба қавли Ваҳҳобов, инчунин дар ин давра дар қаламрави вилоят 7 ҳодисаи фавти модарон низ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳолати фавти модар будааст. «Фавти модарон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Шаҳристон ва Спитамен рух дода, яке аз сабабҳои он бемориҳои ғайригениталӣ мебошад, ки 57,1%-ро ташкил медиҳад»,- афзуд сардори Раёсат.

Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ҳамзамон аз тавлиди модарон дар хона низ изҳори нигаронӣ карда, гуфт, давоми 6 моҳи соли равон 319 таваллуд ба қайд расидааст ва ин нишондод дар ҳамин давраи соли 2015, 394 ҳолатро ташкил медод: «Ҳарчанд ин рақам дар ин давра 75 ҳолат камтар бошад ҳам, аммо ин нишондод моро нигарон кардааст».


Зимнан, Ваҳҳобов афзуд, ки барои коҳиш додани ҳолатҳои фавти модару кўдак миёни аҳолӣ «корҳои тарғиботию ташвиқотӣ»-ро афзоиш хоҳанд дод.


Раъно Рустамова
Аммо Раъно Рустамова, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилоят оид ба соҳаи амрози занона иллати аслии таваллуд дар хонаро дар масофаи дур аз маркази ноҳия қарор доштани деҳаҳо, мушкилии роҳ дар фасли сармо ва камбуди нақлиёти ёрии таъҷилӣ арзёбӣ кард: «Имрўз мушкилии кадр дар ин соҳа ба назар намерасад. Танҳо ҳамин, ки дар бархе минтақаҳои дурдасти шимоли кишвар аз муассисаи тиббӣ то манзили зисти онҳо тақрибан 60-100 км дур аст. Илова бар ин, камбуди нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва дар фасли зимистон мушкилӣ дар роҳ дида мешавад».
Ба гуфтаи хонум Рустамова, аксари мардуми деҳкада фикри дар хона таваллуд карданро надоранд, «аммо бинобар мушкилии зикргардида боиси чунин ҳолат мешавад».

1000 сомонӣ – барои тавлиди як фарзанд
Мушкилоти таваллуди атфол дар вилояти Суғд дар ҳолест, ки тибқи мушоҳидаҳо ва маълумоти волидон барои тавлиди як фарзанд дар таваллудхонаҳо (бо шодиёнааш) аз 800 то 2000 сомонӣ маблағ сарф мегардад ва хароҷоти зиёду камии маблағ аз чанд омил вобастагӣ дорад:
Ҷинси кўдак – писар ё духтар:
- Нахустписар – ҳудуди 2000 сомонӣ;
- Нахустдухтар – 1000 сомонӣ;
- Тавлиди дуюм ва сеюми фарзанд – аз 800 то 1000 сомонӣ;
- Таваллуд бо роҳи чоки қайсар – то 2000 сомонӣ.
Салом Ваҳҳобов, сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд,  ҷой доштани ришваситонӣ дар зоишгоҳҳоро инкор накард, аммо гуфт, ки «мутаассифона, имрўз чунин ҳолатҳо дар таваллудхонаҳо ба назар мерасанд, вале ин масъалаи ҳалшаванда аст, ба шарте, ки шаҳрвандон низ бо мо ҳамкорӣ намоянд».
Ришваситонии бархе аз пизишкон дар ҳолест, ки Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд чанде пеш аз кору фаъолияти духтурони шимоли кишвар нигаронӣ карда, гуфт, ки имрўз муносибату муомилаи пизишкон бо мардум дағалтар гашта, барои як ҷарроҳӣ то 7-8 ҳазор доллар мегиранд. Ў ин нуктаро 11-уми июли соли равон зимни як нишасти хабарӣ ба рўзноманигорон баён дошта, таъкид намуд, ки аз ҳама муҳим муносибати духтур мебошад: «Аммо мебахшед, имрўз муносибату муомилаи духтурон дағалтар шудааст. Агар бо ҳамин 50%-и касал муомила хуб бошад, вай сиҳат меёбад».


Ҷамшед МАЪРУФ
Ҳалим ҶЎРАЕВ
Хуршед ФОЗИЛОВ,
махсус барои "ВАҚТ"

Комментарии