ЗИНДАГӢ АЗ МАН РАБУДА… (Аудиогузориш)

Сароянда ва бастакори номии тоҷик, ситораи нотакрори санъати тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон агар имрўз умр вафояш мекард, ба синни 55 қадам мениҳод

«Бишнав, ки аз бунёди ман»
29-уми ноябри соли 1961 дар шаҳри Кўлоб, дар оилаи деҳқон ҳофизи шинохтаи эстрадаи тоҷик дар солҳои 1982-1992 Кароматуллоҳи Қурбон дида ба дунё кушодааст. Кароматуллоҳ айёми кўдакиашро дар ҳамин шаҳр гузаронида, соли 1982 Донишкадаи санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст. Ў аллакай аз даврони мактабию донишҷўияш худро дар ҷодаи санъат нишон дода, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ баромад менамуд ва суруд мехонд. Маҳз ҳамин боис гашт, ки баъд аз хатми донишкада Кароматуллоҳ дар ансамбли овозадори эстрадии «Гулшан» ба кор шурўъ намояд ва дар қатори дигар ҳофизони пуртаҷриба малакаи касбии худро сайқал диҳад.

«Баҳорам мешукуфад»
Садои Кароматуллоҳ дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр шуниданӣ буду сурудҳояшро ҳам пиру ҳам ҷавон бо меҳру муҳаббати беандоза гўш мекарданд.
Вай дар чанд кишварҳои дунё, аз ҷумла Шарқи Наздик, давлатҳои Шўравии пешин сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъати тоҷикро ба мардуми олам шинос менамуд. Аз ин ҷост, ки шўҳрати ҳунари сурудхонии волои ў дар кишварҳои Шўравии пешин, мамлакатҳои Форсу Ҳинд ва Аврупо ҳанўз ҳам боқӣ мондааст.

"Кароматуллоҳ дар чанд кишварҳои дунё, аз ҷумла Шарқи Наздик, давлатҳои Шўравии пешин сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъати тоҷикро ба мардуми олам шинос менамуд".

«Ту ҳам ёде бикун аз ман»
Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ
Кароматуллоҳи Қурбон давоми фаъолияти эҷодияш тавонистааст, 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки он ҳудуди 80 таронаро дар бар мегирад ва аксари онҳо пурмазмуну рўҳнавозанд. Таронаҳои ў бештар ба мавзўъҳои ишқу муҳаббат, зиндагӣ, Ватан, модар бахшида шудаанд.
«Ман агар мастам», «Сабзак лаби ҷўй», «Дигар марав», «Бо ман бимон», «Шаби ошиқони Бедил», «Ту ҳам ёде бикун аз ман», «Бо дили дарё нишинам», «Ошиқони Варзоб», «Чӣ дидаму чӣ дидам», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Турки камонабрў», «Андак-андак», «Рақс бикун, ҷоно», «Лаъли лабони ман биё», «Танҳо шудам, танҳо», «Санги мазорам» ва «Хайрбод» аз беҳтарин таронаҳои ин ҳофизи хушовоз буда, то ҳол хонданиву гўшкарданист. Зеро, маҳз ин сурудҳо тавонистаанд, Кароматуллоҳро миёни дигар ҳозифони маъруфи тоҷик, мисли Наргис Бандишоева, Тоҷиддин Муҳиддин, Муқаддас Набиева, Баҳодур Неъматов, Махфират Ҳамроқулова, Умар Зиёев, Хурмо Ширинова, Олег Фезов, Далер Назаров, Муборакшоҳ ва ба монанди инҳо, боз ҳам шўҳратманд гардонад.

Нозияи Кароматуллоҳ
«Чӣ дидаму чӣ дидам»
Имрўз аз ин ҳофизи хушилҳом дар қатори суруду таронаҳояш 3 фарзанди намунавӣ – Муҳаммадрофеъ, Муҳаммадсахӣ ва Нозия, боқӣ мондааст, ки 2 нафари онҳо касби падарро интихоб кардаанд. Яке, Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ, сарояндаи ҷавону шинохта дар Тоҷикистон буда, дигаре Нозияи Кароматуллоҳ, аз овозхонони номовари тоҷик мебошад, ки мухлисони зиёд доранд.

«Зиндагӣ аз ман рабуда»
Кароматуллоҳи Қурбон ҳамагӣ 31 сол дошт, ки дар саҳнаи эстрадаи тоҷик бо ҳунари ба худ хосу нотакрораш мақоми сазовор касб карда, ҳунараш беҳтар аз вай буду вай беҳтар аз ҳунараш. Аз интихоби таронаҳо пайдост, ки шоистагии маънавӣ дар заминаи арзишҳои волои умумиинсонӣ, омили муайнкунандаи эҷоду эъҷозаш буд ва ў нобтарин ашъорро дар қолаби оҳанг мерехт, ки хотири ҳаводоронашро болида мегардонду ба табъу завқи эшон бармехўрд. Қомати саҳназебаш, ҳусни худододаш ва ҳаракатҳои мавзуну шевояш бо сурудҳои ў басо ҳамоҳанг буданд. Маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҳунари Кароматуллоҳро боз ҳам марғубтару маҳбубтари ҳаводоронаш гардонидаву иддае аз ҳунармандонро пайравонаш. Вале зиндагӣ ин махзани ҳунари волоро, ки истеъдодаш ҳамоно нотакрору ягона боқӣ мемонад, аз мо бебозгашт рабуд.

"Кароматуллоҳи Қурбон ҳамагӣ 31 сол дошт, ки дар саҳнаи эстрадаи тоҷик бо ҳунари ба худ хосу нотакрораш мақоми сазовор касб карда, ҳунараш беҳтар аз вай буду вай беҳтар аз ҳунараш".

«Санги мазорам»
Кароматуллоҳи Қурбон, ки каромати ҷавонии хешро воқеан ҳам қурбони ҳунари асил сохта буд, дар 31-солагӣ нисори падидаи зишт гашт. Вай бар асари як ҳамлаи силоҳдорони ҷангҷўй шаби 18-уми октябри соли 1992 ҳангоми баргашт аз тўйе дар ноҳияи Ёвон дар қатори дигар рафиқонаш ба қатл расонида шуд. Ин санаро то ҳанўз мардуми тоҷик бузургтарин бохти санъату миллати тоҷик мешуморанд ва агар имрўз умр вафояш мекард, ба синни мубораки 55 мерасид.

«Хайрбод…»

Гузориши радиоии мо аз ҳаёту эҷодиёти ин овозхони номовари тоҷик бахшида ба рўзи милодаш ҳарф хоҳад зад.


Гузориши Ҷамшед МАЪРУФ

Комментарии