ХУҶАНД БАРОИ КЎДАКИСТОНҲОЯШ ЧӢ ҚАДАР МАБЛАҒГУЗОРӢ МЕКУНАД? (ЧАНДРАСОНАӢ)


Ҳамасола аз буҷаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд барои муассисаҳои таълимии томактабӣ маблағҳои муайяне ҷудо карда мешавад.
Дар соли 2018 маъмурияти шаҳри Хуҷанд барои кўдакистонҳояш дар маҷмўъ чӣ қадар маблағ ҷудо намуд ва ин маблағҳо бештар ба чӣ нигаронида шудаанд, таҳқиқоти журналистии мо маълум кард.

Муҳаббат Нозимова, мушовири шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мегўяд, феълан дар маркази вилояти Суғд 44 муассисаи таълимии томактабӣ, аз он ҷумла, 32 муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, 11 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ ва 1 Маркази ислоҳнамоӣ-педагогӣ барои кўдакони норасоии нутқдошта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳамагӣ 9 ҳазору 270 нафар кўдакон аз ҷониби беш аз 430 нафар мураббияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ў гуфт, дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 22 ҳазор кўдакони то синни мактабӣ ба сар мебаранд, ки аз ин шумора 8 ҳазору 470 нафар дар муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ ва 800 нафар дар муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ таҳсил доранд.
Яъне, аз ин рақамҳо бар меояд, ки зиёда аз 42%-и кўдакони синни томактабии шаҳри Хуҷанд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Робия ном ҷавонзани 35-сола аз шаҳри Хуҷанд (ном иваз карда шудааст), ки ҳамарўза фарзандони хурдсолашро ба кўдакистон мебарад, гуфт, ки ҳар моҳ барои боғчаи ду кўдакаш 200 сомон маблағ пардохт мекунад.
- Аммо гап-гап аст, ки аз моҳи январи соли 2019 маблағи боғчаҳо 110-сомонӣ мешавад,- афзуд ў.
Ин ҷавонзан дар идома гуфт, ки дар баробари маблағи моҳона ҳанўз ҳам дар кўдакистон маблағҳои иловагӣ барои таъмиру тармим талаб карда мешавад: «Ҳар моҳ ба ғайр аз маблағи хўрокпулӣ боз барои шикасту рехт иловатан маблағ медиҳем. Рўзи дигар мебинӣ, ки боз барои ким-кадом корҳои ташкилӣ ва тамошои театр маблағ мепурсанд».

«Маҷбурӣ малағситонӣ нест, танҳо»
Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд дар нишасти 6-моҳаи хабариаш дар соли 2018 роҷеъ ба ин масъала афзуд, «маҷбурӣ малағситонӣ вуҷуд надорад, танҳо худи кумитаи падару модарон бо иқдомҳои хеш баромад карда истодаанд ва барои хубтар намудани шароити хониши фарзандонашон онҳо иқдом гирифта, корбарӣ намуда истодаанд».


Карим Иброҳимзода
Дар ҳамин ҳол, масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегўянд, дар шимоли кишвар ҷиноятҳои коррупсионӣ байни кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф зиёд гаштааст:
- Масалан, давоми соли 2018 байни кормандони соҳаи маориф 19 ҷиноят алайҳи 14 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки содиршавии 2 ҳолати ҷинояти коррупсионӣ бевосита аз ҷониби худи мудирони боғчаҳо ба амал омадааст.
Сардори Раёсати Агентӣ Карим Иброҳимзода рўзи 14-уми феврали соли равон сабабҳои асосии даст ба фасод задани масъулинро ба чанд омил нисбат дод. «Агар аз як сў, сатҳи иҷтимоӣ бошад, аз тарафи дигар ба худи шахсият вобастагӣ дорад, ки даст ба порагирӣ мезанад»,- мегўяд ў.

Беш аз 15 миллиону 800 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ дар соли 2018
Масъулини Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, ки аз рўйи буҷаи тасдиқшудаи муассисаҳои томактабии соҳаи маорифи шаҳр дар соли 2018 барои кўдакистонҳои маркази маъмурии вилояти Суғд ҷиҳати маблағгузории сарикасӣ 14 миллиону 778 ҳазору 486 сомонӣ ва бинобар дар охири соли 2017 аз офати табиӣ зарар дидани кўдакистонҳои шаҳр, дар аввали соли 2018 иловатан 1 миллиону 90 ҳазору 971 сомонӣ аз ҳисоби захираҳои буҷаи маҳаллӣ барои рафъи зарарҳои расонидашуда маблағҳо ба ин муассисаҳои томактабӣ равона шудаанд, ки дар маҷмўъ, 15 миллиону 869 ҳазору 457 сомонӣ ҷудо ва пардохт карда шудааст.



Мушовири шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Нозимова зимни суҳбат афзуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2-уми ноябри соли 2015, таҳти №627 «Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ», мутобиқи моддаи 55-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» ва бо мақсади ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Хуҷанд аз 1-уми январи соли 2016 ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шудаанд.



Нозимова мегўяд, соли 2018 барои муассисаҳои таълимии томактабӣ аз буҷаи маҳаллӣ мувофиқи маблағгузории сарикасӣ беш аз 14 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки назар ба соли пеш 3% зиёд мебошад.
- Ин маблағҳо барои музди маош, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маводи хўрока, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, молҳои канселярӣ ва барои таҷҳизоти техникӣ истифода бурда мешавад,- афзуд ў.


Ваъдаҳои то ҳанўз иҷронашуда…
Даврон ном, сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба мо гуфт, аз замони дохилшавии кўдак то ба синни мактабӣ расидани ў, ҳатман баҳонае пайдо мешавад, ки ба ҷуз аз маблағи ҳармоҳаи кўдакистон маблағи иловагӣ талаб намоянд.
- Албатта, ҳар як падару модар барои таълиму тарбияи фарзандаш кўшиш мекунад ва дар баробари дигар волидон маблағи заруриро пардохт менамояд, то фарзанди ў низ аз дигарон кам набошад. Вале ҳар моҳ барои шикасту рехти боғча ҷамъ кардани маблағ маро баъзан вақт ба ҳайрат меоварад. Наход кўдак ҳар моҳ ягон чизро шиканад, ки аз падару модар барои шикасту рехт гуфта, маблағ гиранд?,- бо тааҷҷуб мепурсад, Даврон.

Аз чап ба рост: Абдураҳмон Қодирӣ, 
Маъруф Муҳаммадзода ва Осим Каримзода
Ин дар ҳоле, ки се ниҳоди баландпояи вилояти Суғд моҳи августи соли 2017 (бойгонӣ) эълон доштанд, шурўъ аз соли 2018 ба ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии шимоли кишвар барои таъмиру тармим хотима дода мешавад.
Раиси пешини Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз нахустин мақоми баландпояи вилоят буд, ки зимни як нишасти хабарӣ дар ҳузури журналистон дар ин бора ҳарф зад. Ў гуфт, аз соли 2018 дар 8 шаҳру ноҳияи вилоят, бо шумули Хуҷанд, Панҷакент, Гулистон, Бўстон, Истаравшан, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ қатъ мегардад.



Баъдан, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки дар соли хониши 2018 аз сокинони шаҳр барои таъмири мактабу боғча маблағ гирифта намешавад.
- Инро ман расман эълон карда истодаам. Буҷаи шаҳр ба мо имконият медиҳад, ки таъмиру тармими мактабу боғчаҳоро аз ҳисоби буҷа кунем. Вале фақат аз соли нави хониш, чунки аллакай имсол маблағҳо ҷамъ шуда, сарф гаштааст ва 89%-и корҳо аллакай ба охир расидааст,- изҳор дошта буд, раиси шаҳр.



Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд низ он вақт ба масъалаи таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ дахл карда, гуфта буд, «ҳамин соли хонишро мо бо кўмаки волидон ҷамъбаст карда, шурўъ аз соли нави хониш, хазинаи таъмири мактабҳоро ҳангоми банақшагирии буҷаи соли 2018 ворид менамоем».



Соли гузашта низ ин масъала дар нишасти нимсолаи хабарии раиси шаҳри Хуҷанд дубора мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маъруф Муҳаммадзода ба журналистон гуфт, ки «дар ҳақиқат дар нишасти қаблӣ зикр карда будем, ки маблағситонӣ аз падару модарон бардошта мешавад ва мо инро пайгирӣ намуда, то охир мебарем. Вале аз сабаби рух додани офати табиӣ дар охири моҳи декабри соли 2017 чанд муассисаи таълимии шаҳр осебҳои ҷиддӣ диданд ва маблағҳои зиёд барои таъмиру тармими бому дару тирезаҳои мактабҳо сарф шуданд. Бинобар ин, дар буҷа маблағҳои лозима кам монданд».



Ҳарчанд масъулин ваъда карданд, ки сари ин масъала корбарӣ намуда, барои амалӣ шудани он чораандешӣ менамоянд, вале чанд муддат гузашту ҳанўз ҳам ин «ваъдаҳо» иҷронашуда боқӣ мемонад.

Беш аз 10 миллиону 160 ҳазор сомонӣ маблағи волидон дар соли 2018
Муҳаббат Нозимова, мушовири шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд инчунин таъкид намуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ, аз 31-уми марти соли 2016, таҳти №150 «Дар бораи пардохти маблағ барои нигоҳубини кўдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» ва бо фармоиши шўъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, аз 10-уми январи соли 2017, таҳти №7 «Оид ба пардохти маблағ барои нигоҳубини кўдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» ҳамаи мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ барои истифодаи мақсадноки маблағҳо вазифагузорӣ карда шудаанд. Ў мегўяд, аз ин лиҳоз, дар асоси талаботи қарорҳои мазкур сметаи хароҷоти ҳар як муассисаи таълимии томактабии шаҳр аз тарафи буҷаи маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, вобаста ба шумори кўдакон маблағгузорӣ карда мешавад.
- Дар асоси гуфтаҳои болоӣ, пардохти моҳонаи кўдакистон барои як нафар кўдак 100 сомониро ташкил дода, тибқи фармоиши шўъбаи маориф, барои пардохти хариди маводи хўрока – 70%, барои пардохти харҷи коммуналӣ ва дигар моддаҳо – 25% ва барои пардохти барзиёдии даромад аз хароҷот 5%-и ҳаҷми маблағи пардохтшаванда масраф карда мешавад,- гуфт ў.


8 470 нафар х 100 сомонӣ = 847 000 сомонӣ
847 000 сомонӣ х 12 моҳ = 10 миллиону 164 000 сомонӣ

Тибқи ҳисобу китоби мо, 8 ҳазору 470 нафар кўдаконе, ки дар муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ таҳсил мекунанд, агар волидон ҳар моҳ барои нигоҳубини онҳо 100-сомонӣ маблағ пардохт намоянд, ин рақам моҳе 847 ҳазор сомонӣ буда, дар як сол 10 миллиону 164 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Ҳарчанд ин нишондиҳанда нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар беҳтар аст, вале…»
Ҳукумати вилояти Суғд
Бино ба иттилои сомонаи Раисҷумҳури Тоҷикистон, 29-уми июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят фарогирии кўдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 15% ва якҷо бо марказҳои инкишофи кўдакони синни томактабӣ 20%-ро ташкил медиҳад.
«Ҳарчанд ин нишондиҳанда нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар беҳтар аст, вале онро қонеъкунанда ҳисобидан мумкин нест. Чунки иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар миқёси вилоят ҳамагӣ 12,5% таъмин гардида, дар ин давра аз 280 муассисаи пешбинишуда 35 муассисаи томактабӣ таъсис дода шудааст»,- меафзояд Раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфтааст, тибқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамўҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2016-2020 фарогирии кўдакони аз 3 то 6-сола ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд то 30% расонида шавад.
- Аз ин лиҳоз, раҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд,- таъкид доштааст, Раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба ҷойи хулоса
Таҳқиқоти журналистии мо муайян кард, ки соли 2018 аз буҷаи маҳаллӣ дар маҷмўъ 15 миллиону 869 ҳазору 457 сомонӣ маблағ ҷудо ва пардохт карда шудааст. Ба гуфтаи масъулин, ин маблағҳо барои музди маош, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, маводи хўрока, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, молҳои канселярӣ, таҷҳизоти техникӣ ва таъмиру тармими кўдакистонҳо истифода бурда мешаванд.
Бар илова, волидон дар ин давра барои нигоҳубини фарзандонашон танҳо дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ 10 миллиону 164 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кардаанд.



Тибқи ҳисобу китоби мо, дар соли 2018 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва аз ҳисоби волидон ҳамагӣ 26 миллиону 33 ҳазору 457 сомонӣ маблағ ҷудо ва пардохт карда шудааст.

Ҷамшед МАЪРУФ,
журналист

Комментарии