СУҒД БА 3500 АЛОМАТИ РОҲ НИЁЗ ДОРАД (Инфографика)

Дар шимоли Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли равон 3 ҳазору 499 норасоии аломати роҳ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рақам 900-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд.

Алишер Исматов, бозраси шўъбачаи назорати роҳ ва ташкили ҳаракат дар роҳи Шўъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба «Озодагон» гуфт, дар ягон шаҳру навоҳии шимоли кишвар аломатҳои роҳ 100 дарсад таъмин нест. Ў мегўяд, ҳарчанд дар ин бора Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, аз 30 марти соли 2013 «Дар бораи тадбирҳои рушди воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ ва нигоҳубини онҳо» қабул шудааст, аммо масъулин дар ин масъала бепарвоӣ зоҳир менамоянд: «Дар ин қарор аз ҷумла омадааст, ки бояд аз буҷаҳои маҳаллӣ ҳар сол маблағи муайян ҷудо карда шавад, вале мутаассифона, маблағ ҷудо намегардад».

Суғд ба кадом аломатҳои роҳ бештар ниёз дорад? Ба ин суол аз ИНФОГРАФИКАи «ВАҚТ» ҷавоб меёбед.

Комментарии