ЁДЕ АЗ МУБОРАКШО ДАР СОЛГАРДИ ДАРГУЗАШТАШ (Аудиогузориш)

Муборакшо Мирзошоев
Ҳарчанд аз даргузашти овозхони номдори тоҷик Муборакшо Мирзошоев 17 сол гузашта бошад ҳам, вале то ҳанўз сурудҳои ў қалби мухлисонашро тасхир менамояд…

Муборакшо ҳанўз моҳи августи соли 1961 дар деҳаи Емси ноҳияи Рўшони ВМКБ дар хонаводаи Абдулваҳҳоб ба дунё омадааст.
Хонаводаи Муборакшо фарҳангӣ буд ва аз ин хотир, қариб ҳамаи узви хонавода ба мусиқӣ шавқу рағбати беандоза доштанд.
Муборакшо ҳанўз дар 14-солагӣ аввалин оҳангашро иҷро кардааст, аммо фаъолияти ҳунарии худро соли 1988 дар гурўҳи сарояндаи номовари тоҷик Далер Назаров оғоз намудааст.
Муборакшо пас аз иҷрои суруди «Ғарибӣ» миёни мардум шўҳрат пайдо кард. Нахустин консерти худро дар Тоҷикистон соли 1995 дар боғи фарҳангие дар Душанбе баргузор намуд. Гарчанде он замон вазъият дар Душанбе он қадар ҳам ором набуд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксўй гузошта, таҳти навоҳои Муборакшо мерақсиданду мечархиданд.


Бояд гуфт, ки то имрўз сурудҳои «Ай ёрам биё», «Ғарибӣ», «Чор ҷавон», «Парвинамо», «Сабза ба ноз», «Хиромон», «Туро намепарастам», «Ай ҷони ман асират» ва амсоли инҳо дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҷойгир аст.

"Гарчанде он замон вазъият дар Душанбе он қадар ҳам ором набуд, вале ҳама бадбинию ғаразро яксўй гузошта, таҳти навоҳои Муборакшо мерақсиданду мечархиданд".

Аз Муборакшо се фарзанд хотира монда, Аслишо, Сайёд ва Имомалишо ном
Муборакшо бо ҳамроҳии фарзандонаш
доранд. Писари хурдии ў Имомалишо пайрави ҳунари падар буда, чанде пеш дар шаҳри Маскави Русия ҳамроҳ бо овозхони ҷавон Хушрўз консерте бо овози зинда баргузор кард.

Хуллас, садои нотакрор, сурудҳои дилангез ва сабки вижаи Муборакшо то ҳанўз аз хотири мардуми тоҷик нарафтааст...


Ҳоло гузориши радиоии моро аз ҳаёти ин овозхони шинохта бахшида ба солгарди даргузашташ гўш кунед.


Гузориши Ҷамшед МАЪРУФ

Комментарии