ҚИССАИ НИГИНА ВА ҲАДИСИ ЯК ТАРОНАИ Ў (Суҳбати радиоӣ)

 Меҳри санъат дар хонадоне, ки Нигина Амонқулова бузург шудааст, чун як суннати ниёгон аз бобокалон мерос мондааст…

Нигина Амонқулова
Нигина дар як суҳбати ихтисосӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд орзуи сарояндаи касбӣ шуданро надошт, аммо ҷаззобияти санъатро дар қалби ў аз овони тифлӣ падараш ҷой додааст. Ба гуфтаи Нигина, падараш Ҳайдарқул Амонқулов низ овози марғўладор дошта, аз ҳар гуна асбобҳои мусиқӣ истифода мекунад.
Садои Нигина бори аввал берун аз хонадон дар саҳнаи мактаби миёна, ҳангоми занги охир, шунида шудааст. Вай он ҷо таронаеро бо номи «Алвидоъ», ки то ҳол дар ёд дорад, иҷро кардааст.
Баъдан, вақте донишҷўйи Омўзишгоҳи тиббӣ буд, дар як озмун пирўз мегардад ва ҳамин боис мешавад, ки бо тавсияи овозхони маъруфи Панҷакент, устоди нахустини ў – Умриҷон Баҳриев, дар ду озмуни телевизионии «Андалеб-2004/2006» ширкат меварзад. Маҳз ҳамин таронаи андалебии ў, садои форами ў исми вайро дар ҷомеаи муосир машҳур мегардонад.
Нигина Амонқулова аслан зода шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд мебошад. Онҳо дар оила 5 фарзанд – 4 писар ва 1 духтар, ҳастанд, ки аз миёни онҳо Нигина ва Хусрав касби сарояндагиро пеша кардаанд…

Суҳбати ихтисосии мо бо худи Нигина Амонқулова дар ин бора бештар маълумот хоҳад дод.


Суҳбати ихтисосии Ҷамшед МАЪРУФ

Комментарии