САОДАТИ «ЗЕБО» ДАРГУЗАШТ (Аудиогузориш)

Ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Саодат Ҷўраева, ки бо нақши Зебо дар филми «Ман бо духтаре вохўрдам» боз ҳам маъруф гардид, 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе даргузашт…

Саодат Ҷўраева
20-уми сентябри соли равон боз як ҳунарманди шинохтаи тоҷик, маъруф бо нақши Зебо дар филми «Ман бо духтаре вохўрдам» Саодат Ҷўраева, моро тарк гуфт.
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки Саодат Ҷўраева дар 85-солагӣ оламро падруд гуфт. Ў афзуд, ки Саодат Ҷўраева дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе, ба хок супорида шуд.
Ба гуфтаи Сафар Ҳақдодов, Саодат Ҷўраева бо нақши Зебо дар филми «Ман бо духтаре вохўрдам» шўҳратманд гардид, ки ҳанўз соли 1957 ба навор гирифта шудааст. Ин филм қиссаи ишқу муҳаббати софу беолоиши ду ҷавони дилдода – Лола ва Саид, аст, ки нақши онҳоро Роза Акобирова ва Ҷаҳон Саидмуродов иҷро кардаанд. Вале дар ин филм Зебо нақши манфиро иҷро намуда, талош кардааст, онҳоро аз ҳам ҷудо кунад…
Филми «Ман бо духтаре вохўрдам» ба зудӣ шўҳратёр гашта, онро тақрибан 25 млн. нафар дар Иттиҳоди Шўравӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ тамошо кардаанд.

"Саодат Ҷўраева маҳз бо нақши Зебо дар филми «Ман бо духтаре вохўрдам» шўҳратманд гардид, ки ҳанўз соли 1957 ба навор гирифта шудааст".

Филми "Ман бо духтаре вохўрдам" – Саодат
Ҷ
ўраева
 дар нақши Зебо
Ин филм аз нахустин навори рангаи филми бадеӣ-мазҳакавии истеҳсоли «Тоҷикфилм» буда, ҳанўз дар соли 1957 аз сўйи коркардон Рафаил Перешлштейн ба забони русӣ дар шаҳри Сталинобод – имрўза Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст. Махсусан, суруди «Я встретил девушку», ба забони русӣ дар иҷрои Рашид Бейбутов ва таҳияи оҳангсоз Андрей Бабаев ба шеъри Мирзо Турсунзода дар замони Иттиҳоди Шўравӣ басо машҳур гардид.

Ба истиқболи 60-умин солгарди офаридани нахустин филми ҳунарии рангаи тоҷикӣ – «Ман бо духтаре вохўрдам», соли гузашта дар боғи «Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд муҷассамае гузошта шуд. Дар муҷассама ду ҷавони дилдода Лолаву Саид – қаҳрамонони асосии филми мазкур, акс ёфта буданд.
Ёдрас мекунем, ки Саодат Ҷўраева, офарандаи нақши Зебо инчунин дар филмҳои «Как велит сердце» (соли 1968), «Ткачихи», (соли 1973) ва «Последняя охота» (соли 1975) ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳоло гузориши тозаи радиоиро аз ҳаёти ин ҳунарманди шинохта гўш кунед.


Гузориши Ҷамшед МАЪРУФ

Комментарии