СОМОНАҲОИ "БЕСОМОН" ДАР СУҒД (Чандрасонаӣ)


Аз 19 торнамои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилояти Суғд имрўз ҳамагӣ 7 адад фаъоланд.

Соли 2012 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Кова» барои 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд сомонаҳои иттилоотӣ тарроҳӣ гардида, дар шабакаи Интернет ҷой дода шуд. Он замон изҳори умед карда мешуд, ки ҳар як мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ минбаъд сомонаҳои худро гардон хоҳад кард.


Музаффар Юнусов, сухангўйи раиси вилояти Суғд фаъол набудани торнамоҳои расмии маҳаллиро ба мушкили молӣ ва камбуди мутахассисони варзида рабт медиҳад. Вай бар ин назар аст, ки роҳандозии сомонаҳои иттилоотӣ дар сохторҳои давлатӣ як ҷузъи муҳими ҳукумати электронӣ маҳсуб ёфта, он ҳамчун пуле миёни ҷомеа ва мақомоти давлатӣ буда метавонад.


Ҳамзамон Маҳмудҷон Дадобоев, котиби матбуотии шаҳрдории Хуҷанд мегўяд, ки асри XXI қарни технологияи иттилоотӣ аст ва имрўз наметавон бо васоити кўҳнаи таъсиррасонӣ ба хонаҳои мардум роҳ ёфт. Ба андешаи ў, мардум бояд дар баробари дастрасӣ ба иттилоот, ҳамчунин оид ба он масъала ва муаммоҳое, ки онҳоро ба ташвиш овардааст, тавассути сомонаҳои интернетӣ ба суолҳои худ посух бигиранд.

 
Ба назар мерасад, ки масъулини ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла, бахши идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳанўз аз нақши таъсиррасони васоити электронии ахбор мақсаднок истифода намекунанд. Мисоли ин, ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда метавонад, ки зиёда аз 140 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, вале торнамои расмии он аз соли 2013 инҷониб фаъол нест. Сабабашро муовини аввали раиси ноҳия Рафоат Каримова ба камбуди маблағ ва норасоии мутахассисони идоракунанда марбут медонад.


Натиҷаи назарпурсии гурӯҳи "ВАҚТ" дар Facebook
Айни ҳол дар вилояти Суғд танҳо 7 торнамои шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон (собиқ Қайроққум), Бўстон (собиқ Чкалов), Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъол буда, ҳамарўза иттилоъ пешниҳод мекунанд. Вале зимни боз кардани сомонаҳои боқимонда, онҳо ё фаъол нестанд, ё дар сафҳаи аслияшон навиштаҷоти санҷиши техникӣ намудор аст.


Аз супориш то амал
Ин дар ҳолест, ки ҳанўз се сол қабл собиқ муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов дар як мулоқоташ бо рўзноманигорон аз фаъол набудани сомонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори нигаронӣ кард. Зимнан ў ба масъулин супориш дода буд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсис додани ҳукумати электронӣ» то охири соли 2013 сомонаҳои расмии ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғдро фаъол созанд.
/////////////////////////////

Дар замони рушди фанновариҳои навин мавҷуд ва фаъол будани торнамоҳои мақомоти давлатӣ заминаи дастрасии мардум ба иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва таъмини шаффофияти ҷараёни кори масъулин буда, қадами устувор дар самти татбиқи ҳукумати электронӣ мебошад.



Ҷамшед МАЪРУФ
Ситора ЮСУФОВА
Субҳиддин ҚОДИРОВ
Фарзонаи МУРОД
(Гурўҳи «ВАҚТ»)

Комментарии