БУҶАИ СОЛҲОИ БУҲРОНӢ (Чандрасонаӣ)

Ҳукуматро чӣ водор кард, саҳми андоз дар буҷаро коҳиш диҳад?

Ҳукумати Тоҷикистон бори аввал аст, ки тасмим гирифтааст, вобастагии буҷаро аз андоз коҳиш диҳад. Масъулин мегўянд, ин тасмим ба хотири дастгирии андозсупорандагон аст, аммо коршиносон ба ин назаранд, ки ин иқдом метавонад, пайомадҳои норўшан дар пай дошта бошад. Хоса дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки манбаъҳои иловагии пур сохтани буҷаи кишвар хеле маҳдуд аст.
Қаблан Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ («Total Tax Rate») бо пахши як гузориш Тоҷикистонро миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-ум қарор дода буд. Ҳамасола Ҳукумати Тоҷикистонро бо он интиқод мекарданд, ки ба ғайр аз андоз роҳҳои дигари пур кардани буҷаро ҷустуҷўй намекунад.



Ҳамин тавр, андоз яке аз манбаъҳои асосии пур кардани буҷаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. То соли равон зиёда аз 70%-и маблағҳои воридотии буҷавӣ аз ҳисоби андоз таъмин мегардид. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон дар лоиҳаи Буҷаи соли 2017 бори нахуст саҳми андоз дар буҷаро то 67% коҳиш дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки андозаи буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон сол ба сол хислати зиёдшавӣ дорад. Аз ҷумла, буҷаи соли 2017 аз буҷаи соли равон 1,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.
Коршиносон мегўянд, коҳиш додани саҳми андоз дар буҷа бидуни тардид хушҳолкунанда аст, вале Ҳукумат бояд рўшан кунад, ки кадом манбаъҳои дигарро барои пур кардани буҷа пайдо кардааст.



Буҷаи Тоҷикистон аз моҳи марти соли равон то имрўз бо мушкил пур мешавад. Иқтисодшиносон мегуфтанд, ки баланд будани андоз соҳибкорӣ дар кишварро буғӣ кардааст ва Ҳукумат бояд ба онҳо сабукӣ диҳад. Аз ҷиҳати дигар, масъулини молияи кишар мегуфтанд, ин тасмим аз ночорӣ аст, зеро Ҳукумат ба ғайр аз андоз роҳҳои дигари пур кардани буҷаро надорад. Пас, таҳлилгарон суолеро барои андеша вомегузоранд, ки оё Ҳукумат дар соли 2017 манбаъҳои нави пур кардани буҷаро пайдо кардааст?


Коҳиши воридоти андоз ба буҷаи кишвар замоне расмият пайдо мекунад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон хабарҳо аз қатъи фаъолияти ҳазорҳо нафар аз соҳибкорӣ расонаӣ мешавад. Гуфта мешавад, асли ин ҳолат ба гаронии андозҳо иртибот дорад. Танҳо соли гузашта 22 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кард. Ҳатто ҳолатҳое низ буд, ки чанд соҳибкор аз шаҳри Исфара тиҷорати худро ба Қирғизистон кўчонданд. Илова бар ин, моҳи октябри соли равон Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон иқрор шуд, ки вазъи ҷамъоварии андоз хуб нест ва соҳибкорон наметавонанд, бақияи қарзи худропардохт кунанд. Ҷаноби Давлатзода гуфта буд, дар ҳоли ҳозир 30%-и соҳибкорон қудрати пардохти бақияи қарзи худ азандозро надоранд. Танҳо дар 9 моҳи соли 2016 қарзи соҳибкорону корхонаҳо аз андоз 125 млн. сомонӣ афзоиш ёфт.
То ҳол Ҳукумати Тоҷикистон расман шарҳ надодааст, ки ба кадом хотир даромад аз андозро коҳиш дод. Аммо як масъули Вазорати молия бидуни зикри номаш гуфт, сол аз сол зиёд шудани қарзи андоз ахиран Ҳукуматро маҷбур кард, ки даромади буҷа аз ин самтро коҳиш диҳад.
Ин сару садо ва тасмимҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар Тоҷикистон буҳрони иқтисодӣ идома дорад ва буҷаи соли 2017, ҳамчун буҷаи буҳронӣ ном гирифтааст.



Рустам Гулов, коршиноси тоҷик мегўяд, беҳтарин захира барои пур кардани буҷа ин захираҳои инсонӣ (интеллектуалӣ) мебошад. Ба гуфтаи ў, «агар ба мардум имконияти амалигардонии идеяҳояашон дода шавад, яъне бо коррупсия ва хешутаборбозӣ машғул нашавад, сатҳи андозҳоро паст кунад ва шаффофиятро афзун диҳад, пас иқтисодиёт пеш меравад».
Коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор яке аз тадбирҳои зиддибуҳрониро муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои саноатӣ медонанд, ки маблағгузории ин соҳот метавонад, барои даромади буҷа мусоидат кунад.

Ҷамшед МАЪРУФ
Муллораҷаб ЮСУФЗОДА
Ҳалим ҶЎРАЕВ
Хуршед ФОЗИЛОВ,
махсус барои «ВАҚТ»

Комментарии

  1. Ташаккур барои маводи ҷиддӣ ва босифат! Интизори мавзӯҳои ҷолиби нав ҳастем!

    ОтветитьУдалить

Отправить комментарий