АГАР НАРГИС БАНДИШОЕВА ЗИНДА МЕБУД... (Аудиогузориш)

Наргис Бандишоева – тобонтарин овозхони эстрадаи тоҷик, агар имрўз зинда мебуд, ба синни 50 мерасид…

Наргис Бандишоева
Наргис 8-уми октябри соли 1966 дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падараш Ҳукуматшо Бандишоев – бастакори шинохта, холааш Савсан – Артисти мардумӣ ва тағояш Марватшо – оҳангнависи маъруф, буданд.
Истеъдоди Наргис ҳанўз дар синни 6-солагӣ кашф шуда, волидонаш ўро ба мактаби мусиқии ба номи Чайковский медиҳанд. Вақте 7-сола буд, дар як консерти ҳукуматӣ ширкат намуда, дар он ҷо таронаи «Модари ҷон, модарам»-ро иҷро мекунад. Соли 1989, замони донишҷўи соли 5-уми Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода будан, дар озмуни мусиқӣ таронаи Олег Фезов «Лалаик», ё худ «Алла»-ро иҷро карда, баландтарин имтиёзро соҳиб мешавад. Баъд аз як сол дар ҷашнвораи сурудҳои эстрадии «Иссиқкўл-89» ба унвони «Зебосанами Иссиқкўл-89» мушарраф мегардад…
«Лалаик», «Ҷони ман», «Дар ин шаб мастам», «Дар бари ту», «Маро бишнос бо чашми муҳаббат» ва «Хуш омадӣ» аз маъруфтарин таронаҳои Наргис Бандишоева ҳастанд…

"Гуруҳи ҳунарии «Баракат»-и Рига низ ба сурудҳои Наргис таваҷҷуҳи зиёд дошта, як албоми таронаҳояш комилан аз сурудҳои ў иборат аст".

Ҳоло гузориши радиоӣ қатрае аз ҳаёти ин овозхони номовари тоҷик бахшида ба зодрўзаш ҳарф хоҳад зад.



Гузориши Ҷамшед МАЪРУФ

Комментарии