ЁДЕ АЗ МУҚАДДАС НАБИЕВА ПАС АЗ 66 СОЛ (Аудиогузориш)

Овозхони номовари тоҷик Муқаддас Набиева, агар имрўз низ дар саҳнаи эстрадаи тоҷик садояш шунида мешуд, синни 66-ро пур мекард

Муқаддас Набиева
«Шарораи хотираҳо»
Муқаддас Набиева, муаллифи таронаҳои машҳуре, чун «Чакра чакидан гирад», «Шарораи хотираҳо» ва «Нури ман» 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дида ба дунё кушодааст. Муқаддас ва 3 хоҳари ўро модари онҳо бепадар тарбият кардааст. Модарашон, ки омўзгор буд, тавонистааст, онҳоро таҳсили хуб диҳад ва 2 фарзанди ў – Муқаддас Набиева ва Сабоҳат Қосимова, аз дурахшонтарин ситораҳои эстрадаву театри тоҷик шуданд.
Роҳи Муқаддас то саҳнаи эстрада чандон ҳамвору устувор набуд. Баъд аз хатми мактаб ў нахуст ба Донишкадаи кишоварзӣ дохил шуд, вале аз ин касби интихобкардааш чандон хушаш наомад. Пас аз як сол, Муқаддас Донишкадаи кишоварзиро тарк намуда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ даромад. Ў дар ин донишкада то ба охир – тайи 5 сол, таҳсил кард ва ба ҳайси омўзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ ба ноҳияи Фархор баргашт.

"Ў шояд аз нахустин нафарҳое буд, ки бар хилофи анъанаҳои роиҷ дар деҳоти Фархор мўяшро кўтоҳ бурид ва бо як кўдаки навзодаш, ки аз издивоҷи аввал ба ў монд, ба писари муллои деҳа хонадор шуд...".

«Чакра чакидан гирад»
Муқаддас, ки аз хурдӣ байни хоҳаронаш бо табиати шўху беқарориаш фарқ мекард, дар замони муаллимиаш низ корҳоеро анҷом медод, ки ҳама ҳайрон мемонданд. Аз ҷумла, ў шояд аз нахустин нафарҳое буд, ки бар хилофи анъанаҳои роиҷ дар деҳоти Фархор мўяшро кўтоҳ бурид ва бо як кўдаки навзодаш, ки аз издивоҷи аввал ба ў монд, ба писари муллои деҳа хонадор шуд. Баъдан, аз номи ноҳияи Фархор дар озмуни ҷумҳуриявии «Бўстон» ширкат варзид. Маҳз ҳамин озмун ба рўяш нур бахшид, чун дар озмуни «Бўстон» Муқаддас Набиеваро раҳбари эҷодии ансамбли дар он даврон овозадори эстрадии «Гулшан» Орифшоҳ Орифов пайдо кард ва ба Душанбе овард.

«Нури ман»
Муқаддас Набиева дар замоне ба «Гулшан» пайваст, ки ин ансамбл аз ҳар лиҳоз гурўҳи №1 дар арсаи эстрадаи тоҷик эътироф шуда буд.
Муқаддас дар ин ҷо дар канори ситораҳои маъруфи он замон, ба мисли Махфират Ҳамроқулова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов ба фаъолият пардохт ва дар як муддати кўтоҳ шўҳратёр гардид.
«Шарораи хотираҳо», «Чакра чакидан гирад», «Дилам кабоб аст», «Нури ман», «Шаб ба хайр»… аз ҷумлаи таронаҳои маъруфи Муқаддас Набиева аст, ки аз умри кўтоҳи эҷодии ў нишона мондаанд.
Писари ягонаи ў Баҳодур Набиев омўзишгоҳи низомии Ишқободи Туркманистонро хатм карда, ба хидмати ҳарбӣ пардохт. Вале ахиран, ў низ рў ба ҳунар овард ва дар театри «Аҳорун» дар канори холааш Сабоҳат Қосимова ҳунарманд шуд…

"Муқаддас Набиева дар замоне ба «Гулшан» пайваст, ки ин ансамбл аз ҳар лиҳоз гурўҳи №1 дар арсаи эстрадаи тоҷик эътироф шуда буд".

«Шаб ба хайр…»
Муқаддас Набиева, яке аз маъруфтарин ситораҳои эстрадаи тоҷики солҳои 70-ум як зиндагии кўтоҳ, вале пуршўреро тай намудааст. Вай ҳамагӣ чанд сол дар саҳнаи эстрада ончунон ҳунарнамоӣ кард, ки бо гузашти 38 сол аз он фоҷиаи соли 1979 то ҳанўз садову сабки ў қалби ҳазорон нафар мухлисонашро тасхир менамояд.
Садамаи нақлиётии 9-уми сентябри соли 1979 дар роҳи «Душанбе – Хуҷанд» риштаи умри Муқаддас Набиеваро дар синни ҳамагӣ 29-солагӣ канд. Муқаддас ва чанд узви дигари ансамбли «Гулшан» низ он шаб барои хидмат дар як тўй ба вилояти Ленинобод (имрўза Суғд) мерафтанд, вале мошини онҳо дар ҳудуди деҳаи Такфон дучори садама шуд. Садамае, ки эстрадаи тоҷикро аз яке аз тобонтарин ситораҳояш ва он ҳам дар айни авҷи шўҳрату камолот маҳрум сохт…

Гузориши радиоии мо аз ҳаёти ин хонандаи шўҳратёри тоҷик бахшида ба ҷашни милодаш ҳарф хоҳад зад.



Гузориши Ҷамшед МАЪРУФ

Комментарии